РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: 100-солагии Меҳрубон Назаров таҷлил мегардад

Эҳдо ба ҷашни 100-солагии ходими намоёни сиёсӣ, давлатӣ ва фарҳангӣ Меҳрубон Назаров, пагоҳ, 26 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «Ёди ёри меҳрубон» доир мешавад.

Чорабинӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳи ташаббускори «Равшандилони Рӯшон» таҷлил мегардад.

Дар он Далер Назаров, Давлатманд Холов, Афзалшо Шодиев ва дигар ҳунармандони шинохта ва хушсадо ҳунарнамоӣ мекунанд. Инчунин, дар он порчае аз намоишномаҳои ба қалами Меҳрубон Назаров таалуқдошта аз ҷониби ҳунармандони номвари кишвар ба саҳна гузошта хоҳанд шуд.

Дар чорабинӣ иштироки ректори ДДФСТ ба номи М. Турсунзода, фарҳангшинос Т. Абдушукуровна ва дигар олимону донишмандони соҳаи фарҳанг дар назар аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram