РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз дар Душанбе маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» доир мегардад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» доир мегардад. Тибқи талаботи Низомномаи озмун, дар даври ҷумҳуриявӣ ғолибони даври сеюми озмун аз  шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт бо теъдоди то 5-нафарӣ иштирок менамоянд. Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар 7 номинаи даври ҷумҳуриявии озмун то 30-нафарӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (ва литсею гимназияҳо), то 30- нафарӣ донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дар номинаи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» то 30 нафар намояндагони соҳаи илму маориф, омӯзгорону муҳандисон иштирок намуданд.

Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат соли дуюм аст, ки дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор мешавад.

Дарр он хонандагону донишҷӯён ва ихтироъкорон сатҳи донишу малакаи худро вобаста ба ин самтҳо дар шакли ҳалли мисолу масъалаҳо, баёну баррасӣ ва асосноккунии шифоҳии қонунияти физикӣ, теоремаву аксиомаҳо, исботи онҳо, гузаронидани озмоишҳои амалӣ ва коркардҳои инноватсионию ихтирооти хеш нишон медиҳанд.

Тибқи банди 43 Низомномаи озмун иштирокчиёни фаъол, ки соҳиби ҷойҳои 4, 5, 6 гардиданд, бо нишони «Илм ва инноватсия» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо сарфароз гардонида мешаванд. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегарданд.

Ҳамчунин яке аз фарқияти озмуни соли равон аз соли якум дар он аст, ки дар Низомномаи озмуни имсола имтиёзҳои иловагӣ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, тибқи банди 47 Низомномаи озмун иштирокчиёни даври чорум, новобаста аз он ки ғолиб омаданд ё танҳо фаъол буданд, метавонанд ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар бе озмун ба тариқи ройгон қабул гарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram