28 ноябри 2022 дар Токио, дар Дафтари марказии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ мулоқоти Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ ҷаноби Танако Акиҳико баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Япония хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи фаъолияти пурсамари Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ табодули афкор намуда, аҳаммияти идомаи таҳкими ҳамкориҳоро дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур доданд.