РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара оид ба таҳияи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ машварати корӣ баргузор шуд

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади ҳифзи сарватҳои зеҳнӣ ва ҳуқуқҳои муаллифӣ машварати корӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд. 

Ба иттилои манбаъ, 26 ноябр оид ба истифодаи таҷрибаи амалии комиссияҳои олии аттестатсионии мамлакатҳои хориҷӣ, истифодаи васеи воситаҳои иттилооти электронӣ, махсусан барномаҳои компютерии «Антиплагиат» бо мақсади ҳифзи сарватҳои зеҳнӣ ва ҳуқуқҳои муаллифӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои устодону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон машварати корӣ баргузор шуд.

Дар кори он Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Розиқзода, Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён, Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Қурбон Убайдулло, мудири шуъбаи биологияи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Саидов иштирок намуданд.

Ба иштирокчиён оид ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҳия ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои аттестатсионии довталабон ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ, таҳияи дурусти ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ ба феҳристи маҷаллаи илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани маҷаллаҳои илмӣ, тибқи муқаррарот ба роҳ мондани фаъолияти Шӯрои олимони муассиса, дар самти дарёфти унвони илмӣ ва дигар масъалаҳои аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ – техникӣ, тахассусҳои олӣ ва ёрии амалию методӣ маълумоти муфассал расонида шуд.

Зикр шуд, ки машварати корӣ бо мутасаддиёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакат оид ба барномаи компютерии «Антиплагиат» ва баррасии ҷиддии масъала як силсила мушкилотро дар ин раванд ҳал намуд. Аз ҷумла, ҷиҳати пешгирӣ кардани саргардонии довталабон Комиссияи олии аттестатсионӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифт, ки тибқи хоҳишу дархости довталабон санҷиши диссертатсия ва ё авторефератро тавассути барномаи компютерии «Антиплагиат»-и Комиссия тариқи онлайн роҳандозӣ намояд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Данғара

  Чопи саҳифа✉  Равон кардан

Ноябрь 28, 2022 14:02

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram