Имрӯз иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш ба кор оғоз намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни иҷлосия номинаҳои муштараки Тоҷикистон, ба вижа «Кирмакпарварй ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ», «Ҷашни Меҳргон», «Ҳунари кашидадӯзӣ дар Осиёи Марказӣ», «Санъати сохт ва рубобнавозӣ» ва «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 16 феврал дар Душанбе ҷаласаи навбатии Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссия Сироҷиддин Муҳриддин баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Комиссия дар соли 2021 ва нақшаи корӣ барои соли 2022 баррасӣ гардид.
Яке аз вазифаҳои асосии Комиссия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ- ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ, ғайримоддӣ ва табиии кишвар ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.
«Чунин иқдом ба манзури тарғиб, ҳифз ва ташвиқи тамаддуни ғании халқи тоҷик дар ҷаҳон ва ҷалби сайёҳон ба кишвар равон шудааст, ки бахше аз сиёсати давлат дар арсаи фарҳанг ба шумор меравад», — зикр намуд Сироҷиддин Муҳриддин.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳаммияти ҷиддӣ дода, амалисозии лоиҳаҳоеро, ки дар рушди маориф, илм, ҳифзи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии кишвар ва расонидани он ба наслҳои оянда саҳми арзанда мегузоранд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Зимни ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссияи мазкур намояндагони вазорату идораҳо сухан гуфтанд.
Дар фарҷоми ҷаласа Нақшаи кории Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО барои соли 2022 тасдиқ гардид.