РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДТТ: маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин ифтитоҳ шуд

29 ноябр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ маросими ифтитоҳи расмии маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – Устохонаи Лубан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Давлатзода Қудрат, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Саидзода Зоҳир, котиби ҳизбӣ, ҳамзамон роҳбари гурӯҳи корхонаҳои маблағгузории соҳаи энергетикаи шаҳри Тянҷин Ван Тсзяхуэй, котиби ҳизбии Донишгоҳи касбӣ — техникии идораи шаҳрсозии Тянҷин Ли Ҷинбин ва дигар намояндагони ҳарду ҷониб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Боиси ёдоварист, ки маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — Устохонаи Лубан аввалин маркази сатҳи мазкур дар миқёси Осиёи Марказӣ мебошад. Дастгоҳ ва таҷҳизотҳои муосир, ки қисми зиёди онҳо то ҳол дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор нагирифта буданд, барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва шарикони рушд дастрас шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram