29 ноябр бахшида ба 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фестивали муаррифии забон ва фарҳанги рус «Дӯстии халқҳо» доир гардид.
Пас аз анҷоми Фестивал Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорйев бо Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултети иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд.
С.Григорйев боздид аз Осорхонаи Пешвои миллатро рўзи хотирмону таърихӣ унвон намуд.