29 ноябри соли ҷорӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ бо мақсади муҳокимаи масъалаҳо доир ба бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, табодулии таҷрибаи пешрафта дар ин самт аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия боздид ва мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора аз Вазорати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода бо муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия Ертугрул Сойсал доир ба ҳамкориҳои мақомоти марбутаи ҷонибҳо дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахусус омӯзиши таҷриба дар ин бахшҳои фаъолият мубодилаи афкор сурат гирифт.