РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар пойтахти Русия Фестивали байналмилалии кинои ИДМ оғоз гардид

Аз 29 ноябр то 5 декабри соли равон дар шаҳри Москва Фестивали 4-уми байналмилалии киноҳои кишварҳои ИДМ- «Московская премьера» баргузор мегардад, ки дар он филмҳои бадеӣ ва кӯтоҳмуддат аз давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия ва Узбекистон иштирок мекунанд. Дар ин бора иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Маросими ифтитоҳи фестивал 30 ноябр, соати 19.00 дар маркази кинои «Домжур» баргузор шуда, дар ифтитоҳи он филми мустанади «Тангаи кишвари Малави» пешниҳод мегардад.

Ҳайати ҳакамони озмуни филмҳои кӯтоҳро коргардон ва киношинос аз Тоҷикистон, коршиноси Шабакаи пешбурди кинои Осиё (NETPAC) Шарофат Арабова раҳбарӣ мекунад. Дар ҳайати ҳакамон намояндагони Озарбойҷон, Беларус, Молдова, Россия низ ҳастанд.

Маросими пӯшидашавӣ 4 декабр, соати 17.00 дар маркази кинои «Домжур» баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки дирӯз, 29 ноябр ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 қабул гардид. Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии лоиҳаи ин санад нақши хоси киноро дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва арзишҳои миллӣ зикр намуда, ба роҳбарияти МД «Тоҷикфилм» дастур доданд, ки филмҳои бадеӣ ва хуҷҷатии баландсифат ба навор гиранд, то ки гузаштаю имрӯзаи Тоҷикистонро инъикос намуда, дар фестивалҳои байналмилалӣ иштирок карда тавонанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram