15 декабри соли 2022, соати 10.00 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол — 2022» баргузор мегардад. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Озмун аз рӯйи шаш номинатсия: назм, наср, публисистӣ, назми бачагона, насри бачагона ва тарҷумаи бадеӣ доир гардида, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.