РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТОЗАНАШР: «Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ»

Таҳти унвони “Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ” Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ китоби нав ба нашр расонд.

Ин китоб аз мактубҳои ду устоди бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва шоири номдор Абулқосим Лоҳутӣ фароҳам омадааст. Мактубҳои ин ду шахсият қимати илмиву адабӣ ва таърихӣ доранд. Ба эътибори аҳаммияти илмӣ ва таърихиашон дар илму адаб номаҳои мазкур бори дигар бо таҳриру тасҳеҳ нашр шуданд.

Муҳаррири масъули асар доктори илмҳои филология, профессор Фарангис Шарифзода, муқарризон А. Маликзод ва Ҳамза Боқӣ буда, бо таҳрир ва тасҳеҳи нави Абдулхолиқи Набавӣ рӯйи чоп омадааст.

Дар сарсухани китоб омадааст, ки “таҳлили амиқ ва ҳарҷонибаи муносибатҳои шахсӣ, эҷодӣ ва ҷамъиятии ду суханвари бузург-устод Айнӣ ва устод Лоҳутӣ аз вазифаҳои муҳимми адабиётшиносии имрӯзаи тоҷик буда, аз як тараф, барои равшан намудани баъзе соҳаҳои эҷодии онҳо кумак расонад, аз тарафи дигар аҳаммияти тарбиявӣ дорад”.

Воқеан, мақоми мактубҳо, ёддоштҳо, хотираҳо ва мусоҳибаҳо дар илм чун манбаи асосӣ ниҳоят калон аст. Маҳз дар мактубу хотираҳо мо дар бораи ин ё он саҳифаҳои номаълуми таърих, адабиёт ва шахсиятҳои машҳур, воқеаҳои хотирмон маълумоти нав, далелу рақамҳоеро ёфта метавонем, ки дар ягон асари муаллифон дида намешавад. Бавижа, мукотибаи омӯзандаи ду фарзанди бузурги миллати мо — Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ аҳаммияти хос дорад.

Таҳқиқу омӯзиши мукотибаи С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ ба мо имкон медиҳад, ки аз он баъзе саҳифаҳои таърихи ҳаёти фарҳангиро рӯшан намоем. Алалхусус, устод С. Айнӣ ба масъалаи эҳтироми мероси ниёгони мо, қадршиносии ходимони бузурги илму маданиятамон таваққуф намудаанд. Дар мактуби 24 ноябри соли 1940 навиштаи худ устод Айнӣ бори аввал дар бораи муайян кардани ҷои қабри устод Рӯдакӣ ва омӯзиши мероси вай ва қайд кардани ҷашни Рӯдакӣ масъала гузошта буданд. Дар бораи таърихи муайян кардани зодгоҳи Рӯдакӣ низ муфассал навиштаанд, ки он имрӯз манбаи нодир мебошад. Устод Абулқосим Лоҳутӣ низ дар ҷавоби худ аз 25 октябри соли 1940 пешниҳоди устодро дар хусуси мероси маданӣ тарафдорӣ намуда, айни замон маслиҳатҳои муфиди худро дареғ надоштаанд. Ин орзую умеди устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар хусуси қадр кардану омӯхтани мероси гузаштагон минбаъд ҷомаи амал пӯшид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram