16 декабр дар шаҳри Душанбе иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» ба тасвиб расид. Дар ин хусус аз Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иҷлосияи мазкур 16 декабри соли 2022, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ 15 декабри соли 2022 аз соати 09:00 то соати 17:00 ва 16 декабри соли 2022 аз соати 08:00 то 09:30 дар шуъбаи ташкилии дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба қайд гирифта мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 221-98-35, 221-12-47.