РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон ва Россия ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф тақвият медиҳанд

13-уми декабри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо Александр Бурков-губернатори вилояти Омски Федератсияи Россия, ҳамзамон, раиси Ҳукумати вилояти Омск баргузор гардид, ки дар он инчунин, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Вазорати маорифи вилояти Омск, ректорони Донишгоҳи давлатии Омск ба номи Ф.М.Достоевский, Донишгоҳи давлатии техникии Омск ва котиби якуми Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот қайд гардид, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи маориф дар доираи Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи илм, технология, маориф, тандурустӣ, информатика, варзиш ва сайёҳӣ аз 19 сентябри соли 1995 амалӣ карда мешавад ва Россия ва Тоҷикистонро ба таври анъанавӣ муносибатҳои гарму дӯстона, ки ба таърихи муштарак ва наздикии халқҳои ду кишвар асос ёфтаанд, мепайвандад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм бо Федератсияи Россия таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ин ҷост, ки имрӯз беш аз 20 ҳазор нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил намуда, ҳамзамон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се филиали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Россия ва як донишгоҳи муштарак фаъолият доранд.

Таъкид гардид, ки айни ҳол миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Омск созишномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла, Созишномаи ҳаморӣ байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуро ва Донишгоҳи давлатии Омск, Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Донишгохи техникии Омск, Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Омск, Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Омск ба номи Ф. М. Достоевский, Созишномаи ҳамкорӣ байни Допишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия ва Донишгоҳи давлатии иқтасодии Омск ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Омск ба имзо расонида шуда, дар мактабҳои олии вилояти Омск зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо бо хушнудӣ изҳор доштанд, ки ҷиҳати рушд ва вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар самти табодули донишҷӯёну омӯзгорон, омӯзиши таҷрибаи якдигар, анҷом додани корҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, фаъолияти паркҳои технологии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи омӯзгорӣ ва чанде дигар чораҳои судманд андешида мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram