14 декабри соли равон баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти электронӣ дар бунёди зеристгоҳи 110 киловолтаи Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” бо ҷалби мутахассисони ширкатҳои ватании Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Мадад” ва «Тоҷикгидроэлектромонтаж» (ТГЭМ) маҷрои дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа баста гардида, об аз тариқи канали муваққатии обгузар сар дода шуд. Дар ин бора аз ақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.
Дар маросими ин рӯйдоди муҳим гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо раҳбарии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовини аввали Раиси вилоят Мирзозода Низом Юсуфӣ, раиси ноҳияи Роштқалъа Шомирзозода Аъзам, директори генералии ширкати барқии «Помирэнерҷи,» Амрихон Раҳимов, намояндагони паймонкорони лоиҳа ва сокинони маҳаллӣ ширкат варзиданд.
Фохир Юсуфбеков, роҳбари сохтмони НБО-и «Себзор» иттилоъ дод, ки баъди дигар кардани маҷрои дарё, корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии нерӯгоҳ оғоз меёбанд. Сарбандии асосии нерӯгоҳ бо дарзии 60 метр ва баландии 8 метр сохта гардида, ғунҷоиши оби он 5 млн кубро ташкил хоҳад дод.
НБО-и «Себзор» дар заминаи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкории Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукумати Олмон ва Ширкати барқии «Помирэнерҷи» бо мақсади амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд мегардад.
Сохтмони НБО-и “Себзор” ба рушди минбаъдаи саноат, аз ҷумла бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
Тавре иттилоъ дода шуд, аллакай 90 фисади корҳо дар ин иншоот ба анҷом расидааст. Дар пешбурди корҳои бунёдӣ алъон 20 адад нақлиёти боркаши калонҳаҷм ҷалб гардида, корҳои бунёдиро 40 нафар сохтмончиён пеш бурда истодаанд.
Масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент ва арматура аз шаҳри Душанбе дастрас гардида, баҳри фаъолияти муназзам дар ин ҷо корхонаи хурди сементбарорӣ низ ташкил карда шудааст.
Мутобиқи иттилои мутахассисон бунёди нерӯгоҳ дар ин мавзеъ бесабаб нест. Зеро суръати ҳаракати дар ин ҷо нисбтан тез буда, он дар фасли зимистон ях намекунад ва барои ба ҳаракат дароврдани агрегатҳо хеле мувофиқ меояд.
Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ барои босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар сарбанди нерӯгоҳ ба масъулин ва пудратчиёни лоиҳа маслиҳату супоришҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи Лоиҳаи сохтмони НБО-и «Себзор» дар дарёи Шоҳдара 17 хоҷагиии шахсӣ ба ҷойҳои дигар интиқол дода шуда, пурра бо манзили зист таъмин гардиданд.
Инчунин сохтмони бинои маъмурӣ барои сохтмончиён ва роҳҳои муваққатии наздииншоотӣ бо ҷалби зиёда аз 60 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ оғоз гардида, то охири моҳи июни соли 2021 ҳамаи корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Ҳамзамон сохтмони бинои сохтмончиён анҷом дода шуда, шароити корӣ барои лоиҳачиён ва мушовирон муҳайё гардидааст.
Дар баробари ин, барои тезондани корҳо оид ба сохтмони кӯпрук аз болои дарёи Шоҳдара, ки барои сохтмони НБО- и «Себзор» хеле муҳим мебошад ва барои сохтмони бинои муосири мактаби маҳаллӣ барои 400 хонанда чораҳо андешида шуда истодаанд. Ҳамзамон сохтмони 18 км ХИБ-и 110кВ “Себзор-Хоруғ”, идома доранд.
Дар умум то 300 коргар дар давраи сохтмони НБО — и “Себзор” бо кор таъмин хоҳанд шуд.
НБО — и «Себзор» бо иқтидору 11 мВт бунёд гардида, ба истифода додани агрегати якуми он охири соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.