РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон: ба шарафи эълони «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҳамоиш ва роҳпаймоии ҳизбӣ баргузор гардид

20 декабр дар маркази вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар дар ҳошияи рӯйдоди муҳими таърихӣ, ки «Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» — эълон гардидааст, бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» роҳпаймоӣ ва ҳамоиши ҳизбӣ доир гардид. Дар ин бора аз шуъбаи таблиғот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Бояд гуфт, ки чаҳор ташаббуси қаблии байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла эълон гардидани соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза, Солҳои 2005-2015- Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуданд. Инак, Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси панҷуми Сарвари давлати моро дар соҳаи об бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ намуд, ки аз ин эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам болотар меравад.

Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Ин хабари хуш мояи сарфарозӣ ва ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумла аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҷеъ ба муқаррар намудани яке аз рӯзҳо ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббус нишон доданд, аз ҷониби СММ бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муқаррар карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод карда буданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд.

Ҳамоиши фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон низ ба муносибати қабули қатъномаи саривақтии Маҷмаи Умумии СММ дар самти обу иқлим, ки бо ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон амалӣ мегардад, ба роҳ монда шуд.

Дар ҳамоиш муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нурафшон» Билоли Ҳикматулло оид ба нақши ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва ҷонибдорӣ ва ифтихору сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон аз иқдомҳои ояндасози Сарвари давлат ибрози андеша намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram