РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷилди дуюми «Филмномаҳои Шераки Ориён» ба нашр расид

«Филмномаҳои Шераки Ориён»- таҳти чунин унвон ҷилди дуюми китоби узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) нашр гардид, ки аз шашсад саҳифа иборат буда, кинороманҳои таърихиро фаро гирифтааст.

Ҷилди аввали китоби «Филмномаҳои Шераки Ориён» дар оғози соли 2022 ба нашр расида буд. Он дувоздаҳ филмнома ва чанд ангеза, яъне синопсис ё сюжаи фишурдаро дар бар мегирифт.

Дар охири сол ҷилди дуюми «Филмномаҳо»-и ин муаллиф ба нашр расид, ки аз кинороманҳои таърихӣ иборат аст. Масалан, доир ба рўзгори Исмоили Сомонӣ ва хонадону атрофиёни ў ва ҳамчунин кинороманҳое дигаре оид ба рӯзгори шоираҳои тоҷик.

Аз рӯи филмномаи «Афсонаи зиндагӣ», ки дар ин китоб ҷой дода шудааст, филме ба навор гирифта шуд. Он дар кинофестивали байналхалқии Швейтсария «Vertikal» миёни 47 филми ҷаҳон соҳиби ҷоиза гардид. Ҳамчунин кинофестивали «Золотой Феникс» дар қатори «Панҷ филми беҳтарини сол» ин филмро ба намоиши ҷаҳонӣ гузошт.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 китоби дигари Шераки Ориён бо номи «Ҳақиқатҳои ширину ширин ва талху талхи насри сад соли ахири тоҷикон» ба табъ расид, ки миёни ҳаводорону хонандагон хуш пазироӣ гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram