Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловиддин Абдуллозода, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд. Ҳамзамон, муассисаи таълимии рақами 8-и шаҳри Бохтар ба номи Аслан Менеқулов номгузорӣ гардид.
Бо қарори иҷлосияи 13-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар даъвати шашум Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллозода, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шуд. Аловиддин Абдуллозода 17-уми феврали соли 2022 дар шаҳри Бохтар даргузашт. Ӯ то вафоташ сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон буд.
Аловиддин Абдуллозода миёни дӯстдорони ҳаҷв ва кино шуҳрати зиёд дошт. Ӯ дар даҳҳо филмҳои ҳунарӣ ва намоишномаҳои театрӣ нақш офарида буд.
Ҳамзамон, бо қарори иҷлосияи 13-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар муассисаи таълимии рақами 8-и шаҳр ба номи Аслан Менеқулов гузошта шудааст. Аслан Менеқулов сокини шаҳри Бохтар буда, муассисаи таълимии мавриди назарро хатм кардааст. Ӯ дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ 14-уми сентябри соли 2022 дар муноқишаҳои марзӣ аз сӯи сарҳадбонони қирғиз кушта шуд. Марҳум соли 2021 баъди хатми муассисаи таълимии рақами 8 довталабона ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пайваста буд.