РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе барои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва фарҳангии сокинон маъракаи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд

Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд» дар ҳудуди дарёи «Душанбе» ба маъракаи «Тозагии соҳил» иқдом карда шуд. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми тоза намудани соҳили дарё иштирокчиён бо дастпӯшаку ниқобҳо ва халтаҳои махсус барои ҷамъоварии партовҳо таъмин гаштанд. Дар натиҷа 13 халта пур аз партов гардида, ба воситаи нақлиёти боркаш ба партовгоҳи минтақавӣ интиқол дода шуданд.

Ҷалби ҷавонону наврасон ба чунин маъракаҳои экологӣ ба хотири баланд бардоштани маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрнишинии онҳо буда, ба ин восита шаҳри Душанбе –пойтахти Тоҷикистон тозаву зеботар мегардад.

Ҳадаф аз баргузории чунин ташаббус, пеш аз ҳама, тоза намудани ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузари шаҳри Душанбе, соҳилҳои дарёву каналҳоест, ки аз ҳудуди ноҳияҳо ва шаҳраку маҳаллаҳо мегузаранд. Ииштироки фаъолонаи ризокон далели бевоситаи таваҷҷуҳи онҳо ба масъалаи тозагии муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram