8 январи соли равон Чин маҳдудиятҳои асосии вуруд ба кишварро, ки дар доираи мубориза бо коронавирус ҷорӣ шуда буданд, лағв намуд.
Дар Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шаҳрвандони мо мисли пештара пеш аз сафар ба Чин, бояд дар шиносномаи хориҷии худ дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ муҳр гузоранд.
Аз шаҳрвандони хориҷӣ то ҳол санҷиши COVID-19, ки 48 соат пеш аз сафар гирифта шудааст, талаб карда мешавад, аммо онҳо дигар ҳангоми вуруд ба Чин ба карантин фаро гирифта намешаванд.