Дар ҷаласаи ситоди вилоятии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо иштироки Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон масъалаи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дар сатҳи баланд таҷлили намудани ҷашни 35 — солагии Истиқлоияти давлатии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади вусъати корҳои ободониву созандагӣ дастурҳои мушаххас гирифтанд. Таъкид гардид, ки то таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ дар маҷмуъ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1167 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ зикр кард, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон МИҲД – и ВМКБ шаҳру ноҳияҳо нақша — чорабиниро тартиб доданд, ки дар асоси он дар ҳар як шаҳраку деҳоти вилоят, ки зиёда 100 хоҷагӣ доранд, бунёд ва барқарор намудани майдончаҳои варзишӣ, меҳмонхонаву хоҷатхона, ҳаммом, кошонаи ҳусн, китобхонаву марказҳои савдо ва сохтмони роҳу пулҳои мошингузар, муассиаҳои томактабиву таҳсилоти умумӣ ва дигар иншооти аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ дошта ба роҳ монда мешавад.
Вобаста ба нақша чорабиниҳои 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ахборот доданд. Қайд гардид, ки шаҳри Хоруғ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат зери назари хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ин минтақа низ бо ҳидоятҳои неки Роҳбарияти олии мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудаанд.
Танҳо дар арафаи 31 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят беш аз 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта шуда. Айни замон дар ҳудуди шаҳри Хоруғ бунёди манзилҳои истиқоматии баландошёна ва марказҳои савдо, таъмиру азнавсозии роҳҳо, майдончаҳои варзишӣ ва дар маҷмӯъ то таҷлили арзанда аз ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ 252 иншоот бо сатҳу сифати баланд бунёд хоҳад гардид. Дар соли 2023 бошад, бунёди 53 иншооти аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта ба нақша гирифта шудааст.
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон таъкид намуд, ки бо ҳидояти неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири саноат ва техналогияҳои нави мамлакат сарпарасти шаҳри Хоруғ таъйин гардид ва бояд дар ҳудуди шаҳри Хоруғ дар баробари бунёди манзилҳои истиқоматии баландошёна ва марказҳои савдо, таъмиру азнавсозии роҳҳо, майдончаҳои варзишӣ таваҷҷуҳи махсус ба бунёди корхонаҳои саноатӣ дода шавад. Роҳбарияти вилоят аз таъмини нақшаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Хоруғ, ки он 10,2 фоиз иҷро гардид, изҳори хушнудӣ намуда, ба шаҳдорӣ дастур дод, ки ояндаи наздик нишондодро боз ҳам беҳтар намояд. Қайд гардид, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 корхонаи истеҳсолии дар ҳудуди вилоят бунёдшаванда, 13 адад имсол дар шаҳри Хоруғ сохта мешаванд.
Қайд гардид, ки дар заминаи амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти олии мамлакат дар қаламрави вилоят дар баробари бунёди коргоҳву корхонаҳои саноатӣ, бунёди беш аз ҳазор иншоот бо арзиши харҷномавии зиёда аз 1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилоят ва Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раисони шаҳру навоҳии вилоят тақозо намуданд, ки ба раванд ва сифати бунёди иншоотҳо аҳамияти ҷиддӣ равона намуда, дар баробари ин аз ҳисоби маблағҳои худдӣ низ корҳои ободониро вусъат бахшанд. Таъкид гардид, ки дар баробари ҳамаи ин соҳибкоронро низ ба корҳои созандагӣ ҷалб намудан зарур аст. Ҳамчунин раиси ВМКБ диққати раисонро ба бунёди коргоҳву корхонаҳои саноатӣ ҷалб карда, масъулинро вазифадор намуд, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагониро бо либосҳои мактабӣ аз ҳисоби корхонаҳои дӯзандагии қаламрави вилоят таъмин наоянд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки минбаъд баъди ҳар як ҷаласаи ҷамъбастӣ аз фаъолияти аъзоёни ситод дар самти ободониву созандагӣ бахшида ба 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ хоҳад шуд. Бар замми ин муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода вазифадор карда шуд, ки нақша — чорабиниҳои 35 — солагии Истиқлоли давлатиро пурра назорат намуда, аз рафти корҳои ободониву созандагӣ пайваста маълумот манзур намояд.