РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Узбекистон мақолаҳои олимони тоҷик ба нашр расиданд

“Дӯстии халқҳо–дӯстии миллатҳо” — зери ин унвон маҷмуаи мақолаҳои олимони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз чоп баромад. Ин рӯйдоди адабӣ бо ибтикори Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Сурхондарё сурат гирифт. Дар китоб мақолаву гузориш, шеъру сурудҳо бо ду забон — тоҷикӣ ва ӯзбекӣ гирд омадаанд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон хабар доданд.

Маҷмӯаи мазкур аз 4 боб иборат буда, дар онҳо масъалаҳои муҳимми адабиётшиносӣ, равобити адабӣ ва ҳамкориҳои эҷодӣ мавриди тадқиқ ва пажӯҳиш қарор гирифтаанд.

Дар мақолаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода «Равобити адабию фарҳангӣ рукни муҳимми таҳкими дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон”, Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Сурхондарё Рамазон Абдуллоев «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт” пеш аз ҳама муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек таҳлил гардидаанд.

Дар пешгуфтори Вазири таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам А. Тошқулов аҳаммияти дӯстиву бародари ду халқи бародар махсус таъкид гардидааст. Дар китоб инчунин шеърҳои Низом Қосим, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Аслиддин Қамарзода, Асадуллоҳ Исмоилзода ва дигарон ҷой дода шудааст.

Маҷмӯаи мазкур дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷик ва ӯзбек мусоидат хоҳад намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram