РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр: Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ нашр гардид. Ин ташаббус дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба роҳ монда шуда, зери назари ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Усмонзода Аюб Ислом интишор ёфт. Дар ин бора аз Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Маврид ба таъкид аст, ки қабул ва амалӣ намудани Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар донишгоҳ ҷиҳати рушд ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ, фароҳам овардани шароит барои зиёд намудани дониши нерӯи ақлонии инсонӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ мусоидат менамояд.

Хотиррасон менамоем, ки масъулони нашри консепсияи мазкур шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти раёсати донишгоҳ маҳсуб ёфта, муҳаррири масъул Дадобоева Нодира ва мураттибон — Ёқубов Саидқаҳҳор, Сатторова Замира, Миршоев Абдушаҳид мебошанд.

Гуфта мешавад, ки Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ сиёсати ягонаи донишгоҳро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муайян ва таъмин намуда, маҷмӯи талаботро дар зинаи мувофиқи таҳсилот муқаррар менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram