Дирӯз раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, сардорони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавкулода ва мудофиаи гражданӣ, шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят ва масъулини Ширкати баркии “Помирэнерҷи” боздиди кориро аз иншооти зидди яхсел дар деҳаи Деҳмиёнаи ноҳияи Шуғнон оғоз намуданд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, бар асари якбора сард шудани ҳарорати ҳаво ва зиёд шудани яхпораҳо дар дарёи Ғунд ба фаъолияти муътадили неругоҳи баркии “Помир-1” монеа эъҷод намуд. Ба гуфтаи мутахассисони ҶСК “Помирэнерҷи” сардии ҳарорати ҳаво дар иншооти зидди яхсел ба беш аз 26 дараҷаи зерсифр баробар шуда, дар баъзе мавридҳо дарё аз маҷрои муқаррарии худ берун баромада, талафоти об дар як сония то 3 метри куби кам мегардад.
Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба масъулини ширкат дастур дод, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз раванди баландшавии сатҳи об ва тағйир додани маҷрои он дар ҳамшафатии шоҳроҳи иртиботии байналмилалии Хоруғ-Мургоб -Қулма дар мавзеи Деҳмиёна чораҳои пешгирикунандаро рӯйи кор биёранд. Баъди боздид аз иншооти зидди яхсел гурӯҳи корӣ аз ҳавзи танзими шабонарӯзии НОБ – и “Помир-1” дидан намуда, масъулини ширкат вазифадор гардиданд, ки аз ҳисоби кормандон сафи навбатдорони шабонарӯзиро зиёд намуда, танзими обро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Сипас, боздиди гурӯҳи корӣ аз толори дастгоҳҳои барқтавлидкунии НБО “Помир-1” ҷараён гирифт. Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ фаъолияти НОБ “Помир-1”-ро пурра аз назар гузаронида, барои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта, ба масъулини ширкат супоришҳои судманд дод. Қайд гардид, ки айни ҳол бо сабаби камбуди об дар дарёи Ғунд норасоии неруи барқ дар неругоҳҳои “Помир-1” ва “Хоруғ” дар маҷму 8 мегаватро дар бар мегирад. Талаботи аҳолӣ бошад, ба неруи барқ 50 ҳазор киловат соат мебошад.
Бо мақсади фаъолияти мунтазами Корхонаи фаръии ордбрории ноҳияи Шуғнон таҳти роҳбарии раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ гурӯҳи корӣ бо ҷараёни кори корхонаи мазкур аз наздик ошноӣ пайдо намуданд. Роҳбари вилоят ҷиҳати бетанафус фаъолият намудани ин корхона масъулини ширкати барқии “Помирэнерҷи”-ро муваззаф намуд, ки дар зудтарин фурсат барои муътадил нигоҳ доштани истеҳсоли орд дар ин корхона онро бо неруи барқ таъмин намоянд. Қайд гардид, ки ҷиҳати иҷрои супориши мазкур тадбирҳои муассир рӯйи даст гирифта шуда, дар фосилаи кутоҳи вақт Корхонаи фаръии ордабрории ноҳияи Шуғнон бо барқ пурра таъмин карда мешавад.
Дар пайи бозидиди корӣ фаъолияти НБО-и “Хоруғ” аз назар гузаронда шуда, муайян гардид, ки воситаҳои техникии неругоҳ пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, адами камбуди об боис аст, ки ин неругоҳ ба андозаи 2 мегават неруи барқро кам истеҳсол мекунад. Хотирнишин гардид, ки айни ҳол аз ҳисоби системаи умумиҷумҳуриявӣ ба андозаи 6 мегават неруи барқ ба вилоят ворид гардида, он барои корхонаву муассисаҳо ва аҳолии ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ то водии Язгулом таъмин карда мешавад.
Мутахассисони ширкати баркии “”Помирэнерҷи бар он назаранд, ки бо муътадил шудани ҳарорати ҳаво реҷаи таъмини аҳолӣ бо неруи барқ бартараф хоҳад шуд.