Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо иштироки роҳбарияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва рӯзноманигорону собиқадорони соҳа оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот доир гардид.
Иштироккунандагони мулоқот Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, адабиётшинос Зафар Мирзоён, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб Шарофат Худойдод, рӯзноманигорон Ғайбулло Ҳалимов, Фарҳод Мадаминов ва Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ дар бораи нуктаҳои Паёми Президент ибрози назар намуданд.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода қайд намуд, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон вазъ ва дурнамои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлил ёфта, он дастури беҳтарини роҳнамо барои мардум аст. Аз ин хотир, барои таблиғи он намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд эҷодкорона муносибат кунанд ва бо истифода аз жанрҳои гуногуни журналистӣ муҳтавои асосии Паёмро ба мардум расонанд.
Дар анҷоми мулоқот аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба собиқадорони соҳа ҳамчун нишони қадршиносӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки мулоқот дар шаҳри Кӯлоб оғози силсилачорабиниҳоест, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ оид ба таблиғу ташвиқи густурдаи Паёми Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.