Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати роҳбарони муассисаҳои нақлиётӣ ва ронандагони мошинҳои боркаш мерасонад, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои дорои ҳавои сарди шадид бе таъмини сӯзишвории дизелии махсуси зимистона ва хушсифат ба роҳ набароянд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Ҳафтаи охир бинобар паст шудани ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои гуногуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби аз тарафи баъзе ронандагон истифода намудани сӯзишвории дизелии тобистона ва пастсифат мошинҳо ях карда, дар роҳ банд мондаанд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт» хабар дода буд, имрӯзҳо дар бозори истеъмолии дохилии Тоҷикистон баъзе соҳибкорон навъҳои пастсифату ғайристандартии моеи зиддисардӣ, ба истилоҳ «Антифриз»-ро ба харидорон пешниҳод мекунанд, ки бар зарарари истеъмолкунандагонанд.
«То ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки маҳсулоти серталаботро тақаллубкорӣ карда, ба шакли он монанд маҳсулот истеҳсол мекунанд, вале ба сифату таркиби он аслан аҳамият намедиҳанд. Чораҷӯиҳои вақтҳои охир ва санҷишҳои озмоишгоҳӣ маълум карданд, ки дар баъзе аз ин намуди маҳсулот ба ҷуз об ва моддаи рангкунанда дигар чизе мавҷуд нест, ҳол он ки таркиби моеи «Антифриз» танҳо аз об, спирти 2-атомаи этилингликол ва маводи рангкунанда иборат аст», — омадааст дар муроҷиатномаи агентӣ.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳавои хунук дар мамлакат то 25 январ идома меёбад.