РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ғолибони озмуни “Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе” муайян шуданд

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни “Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе” баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе ҳамаи ғолибонро барои сазовор гардидан ба зинаҳои ифтихорӣ муборакбод намуда, қайд карданд, ки ҳадаф аз ташкили ин озмун пеш аз ҳама ба роҳ мондани робитаи бештар бо намояндагони ВАО-и кишвар маҳсуб меёбад.

Озмун “Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе”, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2022, №715 тасдиқ гардида, бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои шаҳри Душанбе, ҳамкории густурда ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи васоити ахбори омма баргузор карда шуд.

Ҳамин тариқ, аз рӯи номинатсияи беҳтарин маводи телевизионӣ Исматулло Азизов ҷойи якум, Шоҳрух Носирзода ҷойи дуюм ва Умедҷон Мирализод ҷойи сеюм, номинатсияи беҳтарин маводи матбуотӣ Шариф Ҳусайнов сазовори ҷойи якум, Ҳақназар Каримзода ҷойи дуюм ва Шодихони Назар ҷойи сеюм ва номинатсияи беҳтарин маводи радиоӣ Гулнора Насриддинова сазовори ҷойи якум, Мамлакат Табарова ҷойи дуюм ва Давронзод Нигина ҷойи сеюмро дар озмуни беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо сазовор гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram