РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДДОТ: Литсейи донишгоҳ ба фаъолият оғоз менамояд

Имрӯз ҷаласаи васеи кории Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дар ҷаласа Аҳлиддин Ибодуллозода якқатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла фаъолияти қисми илмӣ, ташкили гурӯҳи корӣ вобаста ба санҷиши иқтидори илмии кафедраҳо, танзими назорати электронии раванди ҳозиршавӣ ба ҷойи кор, таҳияи лоиҳаи санадҳои заруриро ҷиҳати фаъолияти литсейи наздидонишгоҳӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҷаласа ректори Донишгоҳ аз фаъолияти баъзе аз омӯзгорон, мудирони кафедраҳо ва деканони факултетҳо изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки бояд содиқона рисолати омӯзгории худро назди омӯзгорони оянда анҷом диҳем.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram