Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгўй мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Имрўз вобаста ба вижагиҳои замони истиқлол дар соҳаи илм ва маориф инчунин, фаъолияти илмӣ ва илмию педагогӣ масъалаҳое ҳастанд, ки бояд дар ҷомеаи илмӣ ва аҳли маорифи Тоҷикистон бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд. Бинобар ин дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёмҳои Президенти мамлакат бармеоянд, ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати амиқи давлатӣ дар соҳаи илм ва маориф, таъмини фаъолияти муассисаҳои илмӣ тибқи талаботи замони муосир ва истифодаи самараноки дастовардҳои он баҳри рушду нумуи Тоҷикистон хеле муҳим ва муфид маҳсуб мешаванд. Таҳлилҳо ва арзёбиҳои возеҳу амиқи масоили соҳаи мазкур бори дигар аз таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм дар ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ба Маҷлиси Олӣ бори дигар исбот намуд, ки, дар воқеъ ҳам, дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат илму маориф мақоми хосса дошта, ҳанўз аз оғози соҳибистиқлолӣ барои пешрафти ин соҳаҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуда истодаанд. Мақсад аз амалисозии чунин сиёсат пояи устувори илмию иҷтимоӣ дорад, зеро тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём таъкид доштанд: «ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад».
Дар Паёми Роҳбари давлат ёдоварӣ шуд, ки: “Дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷўёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷўён зиёда аз се баробар афзудааст.”
Ин омор натиҷаи заҳматҳои шабонарўзӣ ва дастгириву иқдомоти беназиру таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад. Ҳамасола бунёд кардани садҳо муассисаи замонавӣ ва баргузории мулоқотҳои Сарвари давлат бо намояндагони соҳаи маориф ва хонандагону донишҷўён шаҳодати арҷгузорӣ, эътимод ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳимму тақдирсози ҷомеа мебошад.
Дар робита бо самтҳои афзалиятноки рушди илм, ки дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимону донишмандон метавонанд дар рушди онҳо саҳм гиранд, қабл аз ҳама рушди энергетикаи водородӣ ё неруи гидрогениро метавон ном бурд. Зеро чунонки дар Паём вазифагузорӣ карда шуд, бояд дар ҷумҳурӣ бо назардошти имконияту захираҳои «энергияи сабз» гурўҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, ин масъала ҳамаҷониба омўхта ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур карда шавад. Зеро, чунонки маълум аст, гидроген яке аз унсурҳои кимиёвии аз дигар унсурҳо дар табиат бештар паҳншуда буда, неруи бо истифода аз он истеҳсолшуда аз ҷиҳати экологӣ тоза ба ҳисоб меравад. Ин бошад, ба ҳадафи стратегии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирифта, яъне бунёди «иқтисоди сабз» ба пуррагӣ мувофиқат мекунад.
Аз ҷониби дигар, сифатҳои худи гидроген ва неруи аз он ҳосилшаванда низ мубрамияти масъалаи мазкурро барои илм таъкид месозанд: нақлиёте, ки бо истифодаи гидроген кор мекунад, дар тафовут аз истифодаи навъҳои дигари сўзишворӣ ба ҳамон миқдор 2-3 маротиба масофаи бештарро тай мекунад; ҳамлу нақли гидроген тавассути лўлаҳо ва зарфҳои бузург хеле саҳл аст; муҳлати захира ва нигаҳдории он тулонӣ буда, таъмин сохтани шароити барои ин зарурӣ низ чандон душвор нест; неруи гидрогенӣ метавонад дар тамоми соҳаҳои саноат, нақлиёт, хоҷагии манзилдорӣ ва амсоли он ба таври васеъ истифода бурда шавад ва ғайра.
Оид ба неруи гидрогенӣ сухан гуфта, бояд тазаккур дод, ки мушкилоти асосӣ дар истифодаи ин унсур ба он алоқаманд аст, ки то ҳол дар илмҳои марбута механизми ягонаи истихроҷи он аз нафт, газ ва захираҳои дигари табиӣ коркард нашудааст. Аз ин рў эътимоди комил дорем, ки олимону донишмандони табиатшиноси Тоҷикистон масъалаҳову мушкилотро дар ин самт дастаҷамъона мавриди таҳқиқу баррасиҳои амиқи илмӣ қарор дода, дар натиҷаи иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда ба бозёфтҳои назаррас ноил мегарданд.
Дар баробари рушди неруи инсонӣ ва «энергияи сабз», аз ҷумла бо истифода аз неруи гидрогенӣ, инчунин мехостем боз ду вазифаи дигареро, ки дар Паём вобаста ба вазъи илм дар ҷумҳурӣ таъкид гардиданд, махсусан зикр намоем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём таъкид карданд, ки муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олиро мебояд бо истифода аз имконияте, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд. Зеро дар шароити муосири истеҳсолот талабот на фақат ба истифодаи илм, балки ба татбиқ намудани усулу таҳқиқоти илмӣ дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти истеҳсолот ба вуҷуд омадааст. Имрўз давлатҳои мутараққӣ ва рў ба инкишоф дар ҳоли гузариш ба марҳалаи рушди ҷамъияти баъдисаноатӣ қарор доранд ва аз нуқтаи назари иқтисодӣ, ин гуна давлатҳо дорои бахши васеи соҳаи хизматрасонианд. Дар Тоҷикистон низ зарур шумурда мешавад, ки татбиқи доираи васеи навовариҳо ва саноати сермаҳсул амалӣ гардад ё ба маънои дигар, илм бо истеҳсолоти саноатӣ пайваст карда шавад.
Дар воқеъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ нишон медиҳад, ки дар қатори масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакати мо ба рушди илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Абдурозиқ МАРДОНӢ,
рўзноманигор