Барои нахустин дар Тоҷикистон давраҳои омӯзиши асбоби арфа оғоз мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар дод.
Машғулиятҳо дар соли хониши 2023-2024 дар баробари ифтитоҳи синфи нави мусиқии арфа бо дастгирии Консерваторияи миллии ба номи Талабхӯҷа Сатторов оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз моҳи декабри соли 2022 театр бо арфанавози рус Катерина Бабочкина ҳамкориро ба роҳ мондааст.