РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Соли гузашта 24 устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд рисолаи докторӣ ва номзадӣ ҳимоя намуданд

6 феврали соли равон нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Аз ҷумла дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ 4 рисолаи докторӣ ва 22 рисолаи номзадӣ ба дифоъ расиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаёти донишгоҳ як қатор рӯйдодҳои муҳим ба вуқуъ пайваста, ҷомеаи меҳнатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Роҳбари донишгоҳ зикр дошт, ки яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо давоми давраи ҳисоботӣ бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози сохтмони бинои замонавии 9 ошёна бо 140 синфхона барои 4000 донишҷӯ мебошад.

Гуфта шуд, ки дигар аз воқеаҳои муҳим дар раванди таълими донишгоҳ ифтитоҳи як қатор лаборатория ва маркази тадқиқотӣ маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, дар ин давра дар назди кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм озмоишгоҳи таълимӣ — таҳлилӣ ва дар факултети биология ва химия маркази нави тадқиқотӣ таъсис дода шуд.

Дар раванди таълим дар давраи ҳисоботӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сегонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил гардид.

Маълумот дода шуд, ки донишгоҳ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мақоми аввал, «Илм-фурӯғи маърифат» мақоми дуюм ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» яке аз ҷойҳои намоёнро соҳиб гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram