Имрӯз дар Теҳрон соати 13:00 дар толори «Музайи синамо» (Cinema Museum) филми «Дов» дар доираи 41-умин синамоҷашнвораи «Фаҷр» намоиш дода мешавад. Дар ин бора коргардони филм Муҳиддини Музаффар хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки филми «Дов»-и Тоҷикистон дар Кинофестивали байналмиллалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар байни 14 филм ҷоизаи «Таваҷҷуҳи ҳакамон»-ро соҳиб гардид. Ҳамчунин, филми мазкур моҳи декабри соли 2022 дар Фестивали байналмилалии Калкуттаи Ҳиндустон дар бахши номинаи филмҳои Осиё дар байни 8 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, Ҳиндустон, Бангладеш, Шриланка ва Қирғизистон беҳтарин филм дониста шуд.
Бояд тазаккур дод, ки муҳтавои филм дар бораи ду рафиқе қисса мекунад, ки барои таъмини зиндагӣ тарки касб карда, роҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд. Қаҳрамонони филм барои расидан ба орзуҳо ва наҷоти фарзанд аз беморӣ аз ҳам ҷудо мешаванд.