РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Раиси вилоят дар шаҳри Истиқлол бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз шаҳри Истиқлол бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр шинос гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол бунёду азнавсозии иншооти гуногун идома дошта, роҳбарият ва сокинони шаҳр барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат аҳлона меҳнат намуда истодаанд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳр боз як корхонаи нави саноатӣ бунёд хоҳад шуд. Корхона аз ҷониби Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой сохта шуда, лоиҳаи он пурра омода шудааст ва соли 2023 корҳои сохтмонӣ оғоз ёфта, дар муддати якуним сол ва бо харҷи 50 миллион доллари ИМА ба анҷом расонида мешавад. Дар корхона коркарди мис, сурб ва нуқра ба роҳ монда шуда, то 150 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулини Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой барои татбиқи пурраи лоиҳа ва истифода аз иқтидорҳои мавҷуда дастуру супоришҳо дода, таъкид кард, ки бо назардошти ҳадафи миллӣ эълон шудани саноатикунонӣ бояд аз тамоми имкониятҳои истифода бурда шавад.

Сипас, роҳбари вилоят ҷараёни бунёди коргоҳи нонпазӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофӣ, осорхонаи шаҳрӣ, хатти оби нӯшокӣ, кӯдакистони замонавӣ, марказҳои савдою хизматрасониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои бо сифати баланд омода намудани иншоот ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram