РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Барномаи рушди оила: Дар Кӯлоб таҳти унвони «Иффати зан» мизи мудаввар доир гардид

Дар шаҳри Кӯлоб дар доираи «Барномаи рушди оила» таҳти унвони «Иффати зан» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Дар мизи мудаввар муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Қурбонзода Наргис, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Маҳмудзода Рӯъё Сафарӣ, фаъолзанони шаҳри Кӯлоб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо баромад намуда, изҳор намуд, ки зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон оид ба нақши зан- модар чунин иброз намуд. «Мо, ҳамчунин, ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».

Сипас, аз рӯи барнома мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Миҳд-и шаҳри Кӯлоб Маҳмудзода Рӯъё Сафарӣ, Шарофат Худойдодова, ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмиллалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи «Занон дар илми муосир», Марям Саймуминзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Пошхӯрии оилаҳо ва таҳлили сабабҳои он», Комилова Ш.,собиқадор дар соҳаи хизмати давлатӣ, мудири кафедраи забони тоҷикии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Этика ва эстетика» ва Шамсзода З. судяи суди минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намоем, ки мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва ҳамчунин бартараф намудани камбудиҳои дар ҷомеаи имрӯза ҷойдошта мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram