РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси вилояти Суғд бо​ губернатори​ вилояти Нижегороди ФР мулоқот намуд

9 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Нижний Новгород бо и.в губернатори​ вилояти Нижегороди Федератсияи Россия Андрей Гнеушев мулоқот намуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ин мулоқот, ки бо ширкати роҳбарони ташкилоту идораҳо, масъулони вазоратҳои корҳои хориҷӣ,​ Сафорати Тоҷикистон дар ФР, Палатаи савдо ва саноат, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо доир гардид, ҷонибҳо оид ба таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо аз густариши равобити дӯстона миёни вилоятҳо, ки натиҷаи сиёсати пешгрифтаи​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Губернатори вилояти Нижегород​ Андрей Гнеушев меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки​ вилояти Нижегород беш аз 3,5 миллион аҳолӣ дошта, дар он садҳо корхонаҳои азими саноатӣ фаъолият доранд. Саноати мошинсозӣ, саноати сабук, саноати коркард дар ин минтақаи Россия рушд карда, маҳсулоти истеҳсолшаванда ба мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои ИДМ содирот карда мешавад. Бо назардошти имкониятҳои мавҷуда вилоятҳои Нижегород ва Суғд метавонанд корхонаҳои муштараки саноатӣ бунёд ва ҳамкориро боз ҳам беҳтар намоянд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят маълумот дода, таваҷҷуҳи масъулин ва соҳибкорони русро ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ ҷалб намуд. Гуфта шуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеъ буда, гардиши савдо миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия дар соли 2022 ба 616,6 миллион доллар баробар гардид. Дар вилояти Суғд 800 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, имкониятҳо барои ташкили корхонаҳои муштарак дар самти истихроҷ ва коркарди маъдан, метал, ангишт, бофандагӣ, мошинсозӣ, маҳсулоти кишоварзиву чорводорӣ,​ истеҳсоли маҳсулоти пахтагин фаровон аст. Дар маркази вилоят минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дорад, ки субеъктҳои дар он фаъолиятдошта аз имтиёзҳои давлатӣ бархурдоранд.​ ​

-Мо ҷонибдори тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳамаи бахшҳо ҳастем ва дар вилояти Суғд тамоми имкониятҳо барои ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш мавҷуд аст,-иброз дошт Раиси вилоят.

Мулоқоти ҷонибҳо бо имзои нақшаи кории муштарак барои солҳои 2022-2025 ба охир расид ва сипас роҳбарони вилоятҳо ба саволҳои хабарнигорон посух гуфтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram