10 феврали соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дорданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.