РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДМТ: Даври умумидонишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» оғоз гардид

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври умумидонишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» оғоз гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад.

Зимнан таъкид шуд, ки дар аввал озмун дар факултетҳо гузаронида шуд, ки 1423 нафар иштирок карданд ва 158 довталаби арзанда бо пешниҳоди ҳайати ҳакамони факултетҳо ба даври умумидонишгоҳӣ сафарбар шуданд ва нафарони дар ин давр ғолибият ба даст оварда ба даври ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ пешниҳод мешаванд.

Ҳамзамон, декани факултети таърих, доктори илмҳои таърих, профессор Р.Шарифов доир ба низомномаи озмуни мазкур сухан намуда зикр кард, ки сиёсати инсондӯстонаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат имконият фароҳам оварад, ки мардуми сарбаланди тоҷик ҷиҳати баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллӣ дар радифи дигар миллату халқият аз таъриху тамаддуни оламшумули худ огоҳ бошанд. Озмуни мазкур таърихи халқи тоҷикро аз аҳди бостон то давраи соҳибистиқлолӣ дар бар гирифта, иштирокдорони он бо тартиби донишҷӯён, омӯзгорон, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм (ба истиснои омӯзгорони фанни таърих), гурӯҳбандӣ карда шудааст. Омӯзиши таърих дар замони ҷаҳонишавӣ муҳимтарин омил дар самти худшиносиву худогоҳии миллӣ ба шумор меравад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram