РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

СИНАМОИ ТОҶИК.  Филмноманависони ҳирфаӣ камшуморанд 

Синамо санъатест, ки дар он ишқ, нафрат, муҳаббат, вафодорӣ, хиёнат, дӯстӣ, одамгарӣ, некӣ, бадӣ ва дар умум, ҳаёти инсон инъикос гардида, метавонад барои зиндагӣ таҷрибаомӯз бошад. Ҳатто филм қудрат дорад, ки тамоми таассуроту тасаввуроти моро доир ба зиндагӣ куллан тағйир диҳад. Синамо қодир аст моро ба хотираҳои гузашта барад, ҷаҳонбинии моро бо тасвиру манзараҳои имрӯзу фардои ҷаҳон васеъ намояд. Ҳар нафар аз диду хоҳиш ва ба табъи худ наздик жанреро интихоб мекунаду саргарми он мешавад. Филми оқибаташ ба хайр ҳаводорони зиёд дошта, ба инсон руҳу равони болида мебахшад. Филме, ки анҷомаш ғамангез аст, дар хотираи инсон як муддат маскан мегирад ва тамошобин анҷоми филмро дар тахайюли худ бофта ба саргузашти қаҳрамонон хотимаи нек мебахшад.  

Дар Тоҷикистон аз таъсисёбии синамо 94 сол сипарӣ гашта, кинои миллии мо дар ин муддат симои мардуми тоҷикро инъикос карда, дар таҳкиму ташаккули фарҳанги кишварамон саҳми арзанда гузоштааст.  Замоне мардуми зиёд ба тамошои филм мерафтанд. Толорҳо пур мешуданд. Андешаҳояшонро бо ҳам баррасӣ мекарданд. Вале ҳамаи ин манзара пас аз ба миён омадани фиттаҳо ва дар охир интернет аз миён рафт. Аммо имрӯз чӣ сабаб гаштааст, ки ҳатто фиттаву сомонаҳои интернетии дорои филмҳои тоҷикӣ,  харидору тамошобини кофӣ надоранд ва чаро имрӯз синамои тоҷик шуҳрати пешинаашро аз даст додааст? 

Дар ин маврид, Муҳиддин Музаффар,  коргардони тоҷик, барандаи чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ зикр намуд, ки барои муваффақ гардидани як филм чандин омилҳо таъсир расонда метавонанд. Дар мадди аввал, ҳассосияти мавзуъ меистад, ки он то кадом андоза созгори набзи ҳаёти имрӯзи ҷомеа буда, масъалаву мушкилиҳои мардумро бозгӯ месозад. Дар ҷойи дуюм, касбияти муаллиф дар эҷод ва таҳияи филмнома қарор мегирад ва 50 дарсади комёбӣ ба он бастагӣ дорад. Мушкилоти мо низ дар ана ҳамин масъала зоҳир мешавад, зеро қариб, ки сенариянависи хуб надорем. Ғайр аз ин, коргардон ҳангоми сабти филм мебояд аз гурӯҳи кории бо техникаю технологияи муосир муҷаҳҳаз истифода барад. Касбияти баланди мутахассисони синамо ба сатҳу сифати филм таъсири воқеӣ мерасонад. 

— Мушкилоти набудани фазои миллии синамоӣ барои ҳар як коргардони филм нигаронкунанда мебошад. Мо низ он ҳама талаботи насли ҳозираро қонеъ карда наметавонем. Моро зарур аст, ки ҳадди ақал соле 50 филми гуногунжанрро ба намоиш гузорем, то ин ки шавқу ҳаваси ҷавонони тоҷик ба синамо зиёд шавад, — гуфт Муҳиддин Музаффар.

Абдулҳай Зокиров, коргардони муваффақи тоҷик, рақамикунонии филмҳои тоҷикиро зарур шумурда, иброз намуд, ки ҳар филме, ки офарида мешавад, пеш аз ҳама, жанру мавзуяш  ва барои кадом табақа пешбинӣ шуданаш, баррасӣ мегардад. Дар бисёр давлатҳои дорои синамои пешоҳанг ҳангоми пахши филмҳояшон дар шабакаҳои телевизионӣ ва ё дар толорҳои намоишӣ ҳатман ба кадом синну сол мувофиқ будани филмро муайян намуда,  рақам мегузоранд.  Табиист, ки филмҳои фалсафавиро кӯдакону наврасон намефаҳманд. Ба андешаи ман низ барои муваффақ гардидани як филм,  пеш аз ҳама, филмномаи хуб намерасад. Филмноманависони ҳирфаӣ дар Тоҷикистон камшуморанд. Тамоми муваффақияти филм дар ғояи сенария ниҳон аст. Филмнома бояд сужети мафтункунандаву ҷалбсозандаро доро бошад. 

Ба андешаи рӯзноманигор Зайнуддин Орифӣ ҳам барои муваффақ гардидани филм, пеш аз ҳама, идеяи ҷолиб, яъне сенарияи олӣ даркор. Дуюм, сабки бадеии коргардони филм низ бояд дар сатҳи баланд бошад. Сеюм, қудрати баёни тасвир аз нигоҳи рассом ва наворбардор тамошобинро ба ҳайрат орад. Албатта, дар сатҳи ҳирфаӣ нақш офаридани ҳунарпешагон ҳам муваффақияти филмро таъмин мекунад. Маблағгузории кофӣ низ, шарти муҳим аст. Санъати синамо ва истеҳсоли филм харҷи зиёдро тақозо доранд.

Филмноманавис Шераки Ориён доир ба норасоии филмномаҳо чунин посух гардонд:

— Бояд одоби рафтан ба кинотеатрҳоро ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ омӯзонд, то заҳмати филмсозиро дарк созанду ба қадраш расанд. Дастгирӣ ва қадрдонӣ нагардидани филмҳо сабаби кам шудани шавқи коргардонҳо мебошад. Надоштани факултети кино бо тахассуси филмнависӣ дар муассисаҳои олии ҳунарӣ, албатта, ба рушди синамо таъсири худро мерасонад. 

Аз замоне, ки ман ба синамо омадам, ҳама аз набудани филмноманависон шикоят мекунад, вале касе нест  филмноманависи касбӣ тайёр кунад, ё барои онҳо шароити муносиб фароҳам орад. 

Таҳлилгарони соҳа барои беҳтар гардидани вазъи синамои миллӣ пешниҳод мекунанд, ки шароити кинотеатрҳоро таҷдиди назар карда, дар онҳо филмҳои сифатан хуб ба намоиш гузошта шавад. Умед мебандем, ки масъулини соҳа ба ин самт ва дигар мушкилиҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.  

Латифабону РУСТАМЗОДА, «Ҷумҳурият», Санаи нашр: 13.02.2023 №: 34

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram