РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ кафедраи ҳарбӣ ба фаъолият оғоз кард

14 феврали соли 2023 фаъолияти кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дар расми ифтитоҳи кафедраи мазкур тибқи супориши Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерал-полковник Шералӣ Мирзо, сардори раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерал-майор Раҳимзода Музаффар Анвар, сардори шуъбаи таълими ҳарбии раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбӣ полковник Зиёев Шамсиддин Бекназарович ва омӯзгорони кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳ иштирок намуданд.

Зимнан, ректори Донишгоҳ имкониятҳои фароҳамсохтаи раёсати донишгоҳро баҳри фаъолияти кафедраи ҳарбӣ ба намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуда, аз омӯзгорони кафедраи мазкур фаъолияти содиқонаро дар раванди тайёр намудани афсарони эҳтиётӣ, ки аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳ омода карда мешаванд дархост намуд.

Тибқи дастури ректори муассиса Асрорзода Убайдулло Саттор тамоми роҳбарони воҳидҳои сохтории Донишгоҳ, аз ҷумла муовинони ректор оид ба таълим, тарбия, илм ва инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ ва хоҷагидорию иқтисодӣ муваззаф гардиданд, ки фаъолияти кафедраи ҳарбии назди донишгоҳро тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Донишгоҳ роҳандозӣ намуда, баҳри ба яке аз кафедраҳои ҳарбии намунавӣ дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин мубаддал гардонидани он тамоми шароиту имкониятҳои мавҷударо истифода намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram