РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ оғоз гардиданд

Бо мақсади таъмини иҷрои қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 8-9 феврали соли 2023, №47,49 “Дар бораи таҷлили 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” ва “Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе” имрӯз бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ҷаласаи Кумитаи тадорукот доир карда шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҷаласаи мазкур аъзои Кумитаи тадорукот, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, аз сохторҳои шаҳрӣ иштирок намуда, доир ба таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлил намудани Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе вазифагузорӣ карда шуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар барои сазовор баргузор намудани ин ду ҷашн ба масъулин дастуру споришҳои мушаххас дода, қайд намуданд, ки дар натиҷаи эҳсоси масъулияти баланд ва ҳамаҷониба равона сохтани маҳорату малака ва сарҷамъона фаъолият намудани соҳторҳо чорабиниҳо чун пештара дар сатҳи баланди касбӣ хоҳанд гузашт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram