11-уми феврали соли 2023 директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ бо иштирокдорони семинари омӯзишӣ барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, вохӯрд. Мақсад аз баргузории чунин семинарҳо омӯзиш ва омода кардани кормандони муваққатӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳамчун роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгиранда аст. Дар ин бора аз ММТ хабар доданд.
Ҷаъфарзода С. Ф. ба ҳозирин дар бораи бисёр муҳим будани раванду даврҳои бақайдгирӣ ва аз мутасаддиён заҳмату масъулияти зиёд талаб кардани онро такроран таъкид кард. Мазкур қайд намуд, ки дар баробари муомилаи хуб, рафтори шоиста, риояи комили интизоми меҳнатӣ аз ҳамаи кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ, новобаста аз он, ки ӯ роҳбари нуқта, ёвар ё бақайдгиранда аст, дақиқкорӣ ва масъулиятшиносии баланд талаб карда мешавад, зеро як хатои корманд ё саҳлангорию камтаваҷҷуҳии ӯ метавонад боиси мушкил ё судури ғалатҳои дигар дар раванду даврҳои минбаъда шавад.
Директори Марказ шунавандагонро боз ҳам ба покизакорӣ, ҳушёрию масъулиятшиносии баланд дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳояшон даъват карда, ба онҳо комёбиҳо хост.
Ёдрас менамоем, ки семинари омӯзишӣ барои кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6-уми феврали соли ҷорӣ оғоз гардида, то 11-уми феврал давом кард.
Дар семинари мазкур аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 90 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора дар асоси озмун шахсони дорои донишу маҳорати арзанда дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 71 нафар ба кор ҷалб карда хоҳанд шуд.
Барои ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки он тибқи барнома то 18-уми феврали соли 2023 давом меёбад.