РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: раиси вилоят оилаи нависандаи зиндаёди тоҷик Ибод Файзуллоро аёдат намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 13 феврал дар шаҳри Бӯстон ҳамсари нависандаи зиндаёди тоҷик Ибод Файзуллоро аёдат кард. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилоят зимни суҳбат аз фаъолиятҳои Ибод Файзулло дар нашрияҳои «Тоҷикистони Советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон», «Паёми Душанбе» ва идораҳои давлатӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки хизматҳои арзандаи чунин шахсон барои насли ҷавон намунаи ибрат ва мактаби омӯзиш аст.

Ба ин оила аз ҷониби роҳбари вилоят кӯмакҳои моддӣ дастрас карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram