РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳушдор! 14-17 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон фаромадани тарма дар назар аст

14-17 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма дар назар аст. Дар ин бора азр Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои мабаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук пешгўӣ мегардад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук,  рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона  8+10 дараҷа гарм мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram