РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе масъалаи тарбияи ватандустӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ баррасӣ шуд

14 феврали соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони“Тарбияи ватандустӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ омили пешгирии падидаҳои номатлуби кӯдакону наврасон” бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар он Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Содиқӣ Насиба– раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон, намояндагони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони марказҳои таҳсилоти иловагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиишаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Конференсияро муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода оғоз бахшида, сипас, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.

Вазири маориф ва илм зикр намуд, ки тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир дар сиёсати иҷтимоии давлату укумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои кӯдакону наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳим тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Дар идома раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқӣ дар мавзуи «Роҳҳои амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»», намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Одинаев дар мавзуи»Роҳҳои пешгирии шомилшавии кӯдакону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ», намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадшариф Одиназода дар мавзуи»Усулҳои пешгирӣ намудани кӯдакону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ» ва Ҳотамшо Ҳасанзода дар мавзуи «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024», намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар пешгирии савдои одамон» маърӯза намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram