Имрӯз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 08:00 дар Палатаи ҳисоб баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон соати 09:00 дар Бонки миллӣ (Рӯдакӣ 23/2, рӯ ба рӯи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ) доир карда мешавад.
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 09:30 дар кумитаи мазкур барпо менамояд.
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 10:00 дар Хадамоти гумрук доир менамояд.
Нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11:00 дар вазорат баргузор карда мешавад.
Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соати 09:00 ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо доир карда мешаванд.