Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми кумитаи тадорукот, ҳайати Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо роҳбарии раиси комиссияи озмуни мазкур, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон доир гардид, ки дар он ҳама аъзоёни комиссияи мазкур иштирок доштанд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти вазорати мазкур хабар доданд.
Дар ҷаласа ду масъала мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Дар аввал доир ба вазифаҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ ва салоҳиятҳои он тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» раиси комиссия Сатториён Матлубахон баромад карда, вазифаҳои комиссияро дар самти баргузор намудани озмун иброз намуд. Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ таъкид кард, ки дар ҷараёни гузаронидани даври аввали озмун бояд ба ягон хатогӣ ва камбудӣ роҳ дода нашавад, ҷиҳати баргузорӣ ва шаффофияти он назорати ҷиддӣ ва доимӣ ба роҳ монда шавад.
Сипас, вобаста ба корҳои анҷомдодашуда ва вазифаҳои минбаъда дар кори комиссия ва баргузории озмун гузориши котиби комиссияи озмун Зиёдулло Абдулзода шунида шуд.
Дар охир ҳайати ҷаласаи озмун қарорҳои дахлдор ҷиҳати баргузории даври аввали он ва андешидани чораҳои зарурӣ қабул намуд.