Бо ин мақсад бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ситоди доимоамалкунанда фаъолият намуда, кормандони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳри Хоруғ, сохторҳои қудратию низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони маҳаллӣ ҷустуҷӯи ҷасади ду нафар шаҳрванди бе ному нишонгардидаро идома дода истодаанд. Корҳои ҷустуҷӯӣ таҳти назорати қатъии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ қарор дорад.
Раиси вилоят ба масъулон дастур дод, ки барои беосеб аз байни тарма баровардани ҷасадҳои ҷустуҷӯшаванда аз ҳамаи имкониятҳо истифода намоянд. Ҳамчунин, тибқи супориши раиси вилоят дар худи ҳамин мавзеъ барои нафароне, ки ба корҳои ҷустуҷӯӣ ҷалб шудаанд, хӯроки гарм омода гардида, барои ҳарчӣ зудтар дарёфт намудани ҷасадҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як бори дигар эҳтиромона аз тамоми сокинон ва меҳмонони вилоят хоҳиш менамояд, ки бе зарурат ба сафар набароянд, аз ҳаракат дар мавзеъҳои хатарнок худдорӣ намоянд ва ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.