14 феврали соли ҷорӣ дар гарнизони Суғд бахшида ба 30-солагии таъсисëбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши занон- хизматчиëни ҳарбӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни чорабинӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон доир ба муҳтавои Паëми Президенти кишвар баромад намуд.
Чорабинии мазкур дар асоси Нақшаи кории Шӯрои занони ин гарнизон барпо гардид.