14 феврали соли 2023 мулоқоти муштараки сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ ва Нидерландия дар Малайзия Ҷааб Вернер, инчунин ҳамоҳангсози доимииСММ дар Малайзия хонум Карима ал Коррӣ бо вазири захираҳои табиӣ, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Малайзия Ник Назмӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот сафирони Тоҷикистон ва Нидерландия дар бораи раванди тадорукот ба Конфронси оби СММ 2023 маълумот дода, даъват намуданд, то ҷониби Малайзия дар Конфронси таърихии дарпешистода дар сатҳи муносиб иштирок намояд ва ҳамчунин тибқи Рӯзномаи амал дар соҳаи захираҳои об тааҳудот гирад.
Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар сурат гирифт.