Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Прокуратураи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Иброз гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор рафта, омили асосии нигоҳдории давлатдории миллӣ мебошад. Ҷавонони мо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон хизмати содиқона мекунанд, ки арзандаи таҳсин ва мояи ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Ҳамасола ба сафи Артиши миллӣ ҷумҳурӣ садҳо ҷавонон даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии минтақаҳои гуногуни мамлакат адои хизмат мекунанд. Дар ин муддат ҳомиёни ватанро бояд дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонгароӣ, мардонагиву шуҷоат, адолатнокиву қавииродагӣ тарбия намуда, ба ҳифзу нигаҳдории амнияти мамлакат равона кард. Аскароне, ки сарҳади мамлакатро ҳифз мекунанд, бояд зираку ҳушёр ва бомасъулияту қавиирода бошанд, зеро онҳо амнияти марзу буми Ватанро таъмин менамоянд.
Зимни мулоқот иброз гардид, ки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки бояд ҳар сокини Тоҷикистон бо иродаи қавии ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳифзу эҳтироми арзишҳои милливу давлатдорӣ баҳри таҳкими истиқлолу озодӣ масъулияти аввалиндараҷа дошта бошад. Бахусус насли наврасу ҷавон бояд аз ҳама кишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори Тоҷикистон бошанд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва шароити хизмати сарбозон сол аз сол беҳтар гардида, дар ҳамаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити муносиби ҷавобгӯ ба талаботи муосир барои хизмати ҷавонон муҳайё гардидааст.
Дар робита ба мубориза бо терроризм ва экстремизм иброз дошта шуд, ки ҳарчанд ин зуҳурот нав нест, вале дар шароити феълӣ реша давонидани он таҳдид ба ҷони ҳар сокини сайёра мебошад. Зеро тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ, чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳон барои давлатҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд.
Аз аҳли нишаст даъват карда шуд, ки дар чунин вазъият бо дарки масъулияти баланди таърихӣ ва рисолати шаҳрвандӣ муносибат намуда, бояд истиқлоли миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин омилҳои хатарзо ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.