РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДМТ: Ҳамкориҳо бо Бонки Осиёии рушд дар самти илмҳои табиию риёзӣ тақвият меёбанд

21 феврал мулоқоти намояндагони ДМТ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд Ксен Лонг, Ҷука Туливурӣ, Маделина Тиган баргузор гардид. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти илму маориф, хусусан дар самти рушди илмҳои табиию риёзӣ ва дақиқ, густариши ҳамкориҳо дар самти илму истеҳсолот ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо рушд бахшинаи ҳамкориҳоро дар самти илмҳои табиию риёзӣ ва дақиқ, ҷалби ҷавонон ба омӯзии ин илмҳо (аз рӯйи равияи омӯзгорӣ), инчунин, омода намудани мутахассисонро дар ин самт муҳим арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки дар доираи амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040, татбиқи барномаву лоиҳаҳои муосир, ташкили озмоишгоҳои муосири илмӣ-таълимӣ ва дарёфти роҳҳои нави ҷалби ҷавонон дар ин самт талаботи замон буда, барои омода намудани мутахассисон мусоидат менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram